Рубрики
Uncategorized

Деваштич: Маҳфили адабӣ бахшида ба Наврӯз

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмиллал ва баҳри таъмини иҷрои барқияи №17 аз 22.02.2022- Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар тамоми ташкилот ва сохторҳои ҳизбии ноҳия силсилаи чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намуда меояд.

Санаи 10.03.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Муҷун, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-эҳёгари ҷашни Наврӯз” баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар чорабинӣ аъзоёни фаъоли ҳизбӣ ва аъзоёни Шӯрои вилоятиву ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.

Иштирокдорони маҳфил, собиқадорони меҳнат, Аълочии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Валаматшех Маҳмудов, рӯзноманигор, корманди масъули рӯзномаи вилоятии “Суғд Ҳақиқати” Нозимҷон Эргашев иброз намуданд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд саҳмгузор мебошанд.

Маҳз бо талошҳои пайвастаи ин абармарди майдони сиёсат, фарзанди фарзонаи миллат Наврӯзи тоҷикон мақоми байналмиллалиро соҳиб гардид.

Инчунин хонандагони муассисаи таълимӣ бо барномаи рангини адабиву фарҳангӣ ба маҳфил ҷилои тоза бахшиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *