Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намуда меояд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Бонувони тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва зебоиву муҳаббати худ нигини пурҷилои тоҷи миллати мо мебошанд” Дар ҳақиқат, махсусан дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон хидматҳои софдилонаву содиқонаи занону бонувони тоҷик дар роҳи амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили қайд буда, меҳру садоқат ва ташаббускорию самимияти зан- Модари тоҷик шоистаи ибрату омӯзиш мебошад.Ба ин хотир ҷиҳати қадршиносиву арҷгузорӣ ба меҳнати занону бонувон аз ҷониби аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи “.Модар фаришта аст” ташкил карда шуда, ба занону бонувони фаъоли ноҳия Меҳрномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич супорида шуданд.
Рубрики