Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

      Мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон  аз 14 то 22 октябр  вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд.       

     Тибқи нақша мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич-24” Исмоилиён Комрон Исмоилзода дар ноҳияи Деваштич бо интихобкунандагон доир гардид.

 Дар вохӯрӣ Исмоилиён Комрон оид ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироанамудаи Пешвои муаззами миллат ва дигар масъалаҳои меҳварии сиёсати мардумпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ахборот дод. 

      Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин зимни вохӯриҳо Исмоилиён Комрон аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнии таъиноташон гуногуни ноҳия боздид ба амал овард.

    Мулоқотҳои вакил бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *