Рубрики
Асосӣ

Деваштич: МУЛОҚОТУ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

   Дар  асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо иброз доштанд ва ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 21.04.2022 сол мулоқоту вохӯрии гурӯҳи кории вилоятӣ дар ҳайати мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, роҳбари гурӯҳ –  Заррина Раҳмон, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборов, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Мақсуда Шарофзода   ҷиҳати пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, давъати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаби замин бо занони хонашин, собиқадорон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ва сокинони касбу кори гуногун  дар толори Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштич баргузор гардид.

   Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  истифодаи самараноки замин, пешгирии болоравии нархи ниёзи маҳсулоти аввал, таъсири манфии омилҳои беруна вобаста ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ баромад намуданд.

    Сипас,  аъзоёни гурӯҳи корӣ роҳбари гурӯҳ, мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд –  Заррина Раҳмон,  декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборов ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Мақсуда Шарофзода  баромад намуда,  вобаста ба  ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии бархе аз сокинону ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ  ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона намоем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем ва ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *