Санаи 28-уми марти соли равон мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи ҳудуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Яхтан сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид. Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.Зеро насли навраси ботарбия ва босавод оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.
Инчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корами лалмӣ ва обӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд