Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади мустаҳкамии оилаҳои ҷавон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, хушунату зӯроварӣ дар оила тасмим гирифтанд,ки ташрифи оилаҳоро роҳандози намояд.
Аз ин лиҳоз бахшида ба Рузи оила ба оилаи намунавии сокини деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан Мамадалиев Аҳмадҷон ташриф оварданд. Оилаи Мамадалиевҳо мувофиқи Ҷамоат оилаи намунави ва ибратбахш эҳтироф гардидааст. Зеро, ки ин марди ҳунар, сардори оила Мамадалиев Аҳмадҷон мутахассиси соҳаи кишоварзӣ буда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии қишлоқ саҳми арзанда гузоштааст.
Таҷрибаи зиндагии 50- сола дошта соҳиби 5-фарзанд, 18- нафар набера ва 2-абера мебошанд. Фарзандонашон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият бурда истодаанд. Кору пайкор ва зиндагиномаи ин марди ҳунар намунаи ибрати насли ҷавон аст.