Давлату Ҳукумати кишвар бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24 – уми ноябрро ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Имрўз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин, бегумон мояи ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчам бояд дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо ҷой дошта бошад. Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳамаи мо меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд!