Рубрики
Uncategorized

Деваштич: Рӯзи дарҳои кушод

Ҷиҳати иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич санаи 29-уми октябри соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ, чорабинӣ таҳти унвони “Рӯзи дарҳои кушод”дар қисми низомии 0214- и ҳудуди ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Деваштич Ганҷина Нуруллозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода, модарон-занони фаъоли ҲХДТ, омӯзгорони фанни омодагии дифоӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии миёнаи умумии рақамҳои 38 ва 51 иштирок намуданд. Чорабиниро раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ бо суханони табрикотӣ оғоз намуда, қайд намуданд, ки саҳми насли ояндасози Ватан, бахусус сарбозон, дар таъмини сулҳу субот ва якпорчагии кишвар ва таъмини амнияти давлату миллат басо бузург аст. Ҷавонони дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, аз мактаби мардонагӣ гузашта, рисолати шаҳрвандии худро адо менамоянд.Бояд ҳар як ҷавонмарди кишвар зиракию ҳушёрии худро аз даст надода, дар пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳмгузор бошад, манфиатҳои миллату давлатро аз манфиатҳои худ боло гузорад. Инчунин, муовини раиси ноҳия муҳтарама Ганҷина Нуруллозода баромад намуда, ифтихормандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба наваскарон расонида, онҳоро бо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд. Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо қисми зиёди ҷавонони ноҳия бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ омада, сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки ин хотири ҷамъи ҳар як сокини ноҳия мебошад. Сипас, афсарон изҳори сипоси худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, аз толибилмон даъват ба амал оварданд, ки пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, рисолати ҷавонмардӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Модар-Ватан адо намоянд. Дар як вақт хонандагон аз шароити қисми ҳарбӣ:ҷои хобу синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳу китобхона ва варзишгоҳи қисми ҳарбии 0214 дидан намуданд. Инчунин намоиш ва шиносоӣ бо вазъи зимистонгузаронии афсарон дар қисми ҳарбӣ меҳру муҳаббати хонандагонро ҷиҳати поку беолоиш муҳофизат намудани марзу буми Тоҷикистони биҳиштосо дучанд намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ модарон- занони фаъоли ҳизбӣ ба афсарон дастурхони идона бо истифода аз хӯрокҳои миллӣ ва хоси маҳал омода намуда, ба онҳо ҷиҳати иҷрои рисолати қарзи фарзандӣ таманниётҳои неки худро иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *