Мутобиқ ба дастуру супоришҳои раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич оид ба санҷиши ҳолати воқеии ташкилотҳои ибтидоӣ масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ташкилоти ибтидоии «Маркази ёрии иҷтимоӣ” дидан намуданд.
Зимни аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳо ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии мазкур Солиева Лутфинисо дастур дода шуд, ки бобати ба низомдарории ҳуҷҷатҳо, насби овезаю шиорҳо, саривақт баргузории ҷаласаҳои ташкилот, соатҳои сиёсӣ, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, ҳаракати аъзо ва ҷалби аъзо корҳоро боз ҳам ҷоннок намоянд.