Сулҳ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад.
Сулҳ чун офтоби рахшон, баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Фарзандону ҳамсарони меҳрубони хешро ба ҳоли худ гузошта, баҳри озодии Ватан кӯшидаанд. Гуруснагиҳо дида, афсурдагиҳоро паси cap кардаанд. Натиҷаи ин заҳматҳои зиёди чунин мардонӣ баномусу нанги миллат имрӯз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагӣ умр ба cap мебарем. Хушбахтем, озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гармтабъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва меҳру муҳаббат эҳё намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имрӯз бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Ҳамарӯза чун миллати сулҳхоҳу давлати тинҷу ором ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохт ва камию костиҳои онҳо саҳмгузор аст. Тамоми давлатҳо бо кишвари мо робитаҳои дӯстӣ доранд, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.
Марҷона Абдувоҳидова
аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.
Ваҳдати миллӣ-шукуфоии Ватан
Ваҳдат ҳамдиливу ягонагӣ ва иттифоқу сарҷамъии халқ аст. Сулҳ оштиву рафоқат ва ҳамбастагиву дӯстӣ аст. Сулҳ таҷассумгари ягонагӣ ва толиби осоиштагӣ аст. Ваҳдат бошад аз як гиребон сар баровардан ва поктинативу ватандӯстӣ аст.
Бори аввал дар таърих шахсе ба маснади давлат баромад ва сулҳу ваҳдати бебозгаштро ба мо ҳадя намуданд. Оғӯши бародариву якдигарфаҳмиро ба рӯи мо боз карданд. Президенти маҳбуби мамлакат пояҳои Ваҳдату сулҳро устувор намуданд ва таҳким бахшиданд. Кишварро обод карданду мардумонро шод.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон нигаронида шудааст. Пешвои миллат ба ҷавонон ҳамеша ба назари ояндаи нек назар намуда, андешаҳои созандаву бунёдкоронаи худро нисбат ба ваҳдату ягонагӣ иброз менамоянд. Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ҷавононро ба раҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. Мактаби сулҳпарваронаи Президенти маҳбуби кишвар барои ҷавонон маскани беҳтарин сӯи ояндаи нек аст.
Дарахти сулҳу ваҳдат меваи шаҳдборе ба бор овардааст ва имрӯз мо аз меваи ширини дарахти пурсамар аҳди нӯш намуда истодаем. Аз он умед дорам, ки ин дарахти сулҳи ваҳдат ҳеҷ гоҳ хам намегардад ва ягон шохи он намешиканад, зеро решаи ин дарахтро Пешвои маҳбуби халқи тоҷик мустаҳкамӣ бахшидаанд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
Аврангзеб Ёдгоров
аъзои фаъоли Пайравони
Пешвои Миллат
дар ноҳияи Деваштич.