Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Сулҳ пойдор бод!

            На ҳар иттилооти дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои Интернетӣ ба самти аҳолӣ пешкашшуда қадру қиммат ва эътиборро соҳибанд. Зеро нафароне ҳастанд, ин воситаҳоро барои ақидаҳои нопоки хеш ба минбари озод табдил додаанд. Албатта, онҳо хонандагону пайравони худро ҳам то ҷое доранд. Аммо хонандагони ин иттилоот ё мардуми зудбоваранд ё гумроҳшуда. Муҳити осудаи тоҷикро бо нашри якчанд маводи тӯҳматомез бесомон сохтан имконнопазир аст. Зеро, мардуми тоҷик солҳои навадум таҷрибаеро аз сар гузаронид, ки дигар боварии ин мардумро чунин нафарон ба даст оварда наметавонанд.           

           Зеро, бар асари боварашон садҳои  ҳамватанони мо гурезаву садҳо ҳалоку бехонумон гаштанд. Ин ҳамачун, ду даҳсола пеш аст, ҳоло ҷароҳатҳои мардум хуншор аст, онҳо ба Шумо бовар намекунанд, аз Шумо ҳазар мекунанд. Зеро мардуми тоҷик имрӯз ба ҷашни Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинад, нерӯгоҳҳои барқиро сохта, аз коми торикӣ ба равшанӣ расид, орзуи хондани фарзандонаш дар мактабҳои бонуфузро дораду дасти модаронаш дар дуои тинҷиву амонист. Шумо киро ҳидоят мекунеду сафсатаҳои бофтаатонро ба ки ҳикоят мекунед. Шумо кистед? Барои халқи тоҷик чӣ кор кардед? Шумо як кор кардед, ки на танҳо имрӯзу фардо ҳатто таърих кори хиёнаткоронаи Шуморо ба мисли Яҳудову хоинони дигар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.   

             Шумо нанги миллатед, зеро санг сӯи кишвари пешрафтаистодаи хеш меандозеду бар ивазаш аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои бедардимиёнро ба даст оварда, шоҳона зиндагонӣ мекунед. Шумо ҳатто ҳис намекунед, ки дар Тожикистон мардум бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунанду тоқати шунидани калимаи ҷангро надоранд. Бигзор, дар Тоҷикистон сулҳ пойдор бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *