Рубрики
Uncategorized

ДЕВАШТИЧ: Терроризм ва экстремизм- хамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ

 Таҳти ҳамин унвон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич аз ҳисоби занони фаъол бо сокинони деҳаи Далёни Поён баргузор гардид.

Аз ҷумла, фаъолзанон дар вохӯрӣ таъкид карданд, ки имруз яке аз масьалахои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи чахонӣ ва ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зухуроти номатлуб дар замони  имруза ба шумор меравад. Зеро он    боиси ба миён омадани  оқибатхои нохуш- таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ ва ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он , барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. 

  Ҳамчунин модарон қайд намуданд, ки ба фарзандони худ ҷиҳати ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надодан мунтазам хотиррасон бояд намуд.Зеро тамоми мардум,ҷомеаи чахонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа ба изтироб омадаанд.

 Имруз мубориза бар зидди ҷҷинояткорӣ ва пешгирии шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динию ифроӣ вазифаи  дастаҷамъонаи мо, занону бонувон низ маҳсуб меёбад.

  Дар вохӯрӣ инчунин таъкид карда шуд, ки бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар ниҳоят хатарнок ва даҳшатовар мебошад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *