Ҳар сол 15-уми феврал солгарди баровардани Қӯшунҳои маҳдуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон таҷлил мегардад. Аз ин рӯзи таърихӣ 35 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, ҳар лаҳза саҳифаҳои китоби зиндагиномаи дар Афғонистон гузаштаро варақгардон намуда, ба қадри ҳаёти осоиштаи имрӯза бештар мерасему шукри даврон мекунем. Соли 1980 – ум ҳини донишҷӯи курси сеюми шӯъбаи забони форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданам, дар тараддуди расмӣ гардонидани ҳуҷҷатҳо барои сафар ба кишвари Эрон будем ва чиптаҳои тайёраро аллакай фармоиш дода буданд. Хеле хуб дар хотирам мондааст. Дар кафедраи ҳарбӣ машғулият доштем. Ҳамин вақт роҳбари гурӯҳ бо намояндаи комиссариати ҳарбӣ ба синфхона ворид шуда, огоҳ намуданд, ки пас аз машғулият оҷилан бояд аз муоинаи тиббӣ гузарем. Ҳама ҳайрон мондем. Пас аз итмоми дарс 25 нафар аз муоинаи духтурон гузашта рӯзи дигар озими шаҳри Москва гаштем. Дар штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба курси тайёрӣ ҷалб гардида, пас аз даҳ рӯз бо тайёраи махсус ба шаҳри Кобули Афғонистон сафар намудем. Дар қароргоҳи мутахассисони Шӯравӣ мо – тарҷумонҳои ҳарбиро тибқи тақсимот бояд ба ҷузъу томҳои афғонӣ вобаста мекарданд. Дар қисмҳои ҳарбии афғонҳо мушовирон – мутахассисони ҳарбии Шӯравӣ фаъолият доштанд ва мо бояд ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ бо онҳо ҳамкорӣ менамудем. Ҳамаи ҳамкурсон дар орзуи он буданд, ки дар худи Кобул фаъолият намоянд, зеро пойтахт нисбатан макони бехавф буд. Рӯзи тақсимот маълум гардид, ки аз 25 нафар танҳо ман ва 2 нафари дигар ба музофотҳои дурдаст сафарбар гардидаем. Дигар ҳамаи ҳамкурсон дар Кобул ва гирду атрофи он монданд. Он рӯзҳо вилоятҳои Қандаҳор, Ҷалолобод ва Ҳирот аз сангарҳои доғии Афғонистон ба шумор рафта, дар музофотҳои мазкур ҷангҳои шадид мерафтанд, дар ин бора тавассути воситаҳои ахбори умум иттилоъ доштем. Лекин чи илоҷ, аз тақдир ҷойи гурез нест. Ҳангоми парвози тайёраи ҳарбӣ аз болои шаҳру деҳоти Қандаҳор баръало мушоҳида кардан мумкин буд, ки дар ин вилоят ягон ҷойи обод намондааст. Ниҳоят тайёра дар майдони ҳавоии Қандаҳор нишасту пас аз як соат вориди қисми ҳарбӣ – полки артиллерии мудофиаи ҳавоӣ гаштем. Ман расо як сол дар ин полк ба ду нафар мушовирони ҳарбӣ Юрий Васильевич Яфаров ва Николай Николаевич Щигорцов тарҷумони ҳарбӣ будам. Мо бештар дар амалиёти ҳарбӣ қарор доштем. Рӯзҳои ид ва истироҳат афсарони афғониро ба меҳмонӣ даъват менамудем. Ҳар ҳафта дар клуб барои ҳарбиён намоиши кинофилмҳоро ташкил менамудем. Барои онҳо машғулиятҳои забономӯзиро созмон медодем. Бо сарбозон оид ба ҳаёти кишвари Шӯравӣ нақлҳо меоростем. Онҳо хеле кунҷков буданд. Дар бораи давлати Шӯравӣ тасаввуроти ноқис доштанд. Тадриҷан меҳру муҳаббати сокинони деҳа ва сарбозон нисбат ба мо меафзуд. Сокинони деҳа ба мо бо муаммоҳои гуногун муроҷиат менамуданд. Дар ҳолати зарурат беморонро ба синфхонаи ҳарбии Шӯравӣ интиқол медодем. Он солҳо вазъият дар шаҳр хеле муташанниҷ ва ҳолати санитарию гигиенӣ тоқатфарсо буд. Пас аз сипарӣ гардидани як соли таҷрибаомӯзӣ боз ду соли дигар дар Афғонистон ба сифати афсар хизмат намудам. Бо ҳукми тақдир ҳаёти ман боз дар шаҳри Қандаҳори “таърифӣ” гузашт. Бояд ёдовар шуд, ки на дар ҷойи кор – қисми ҳарбии корпуси пиёданизом ва на дар маҳали истиқомат ягон рӯзи оромӣ ҳукмфармо набуд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст – муҷоҳидони афғон зуд – зуд манзили истиқоматии моро тавассути миномётҳо мавриди гулӯлаборон қарор медоданд. Ҳар лаҳза ба ҳаёти мо хавфу хатар таҳдид мекард. Дар давоми се соли хизмат як бор дар зиреҳпӯши ҳарбӣ ҳангоми таркиши мина контузия гирифтам ва ду бори дигар дар парвози вертолёти ҳарбӣ мавриди ҳамлаи қуввахои заминии душман қарор гирифта, тасодуфан ҷон ба саломат бурдаам. Шояд ба шарофати дуоҳои шабонарӯзии падару модарам…. Аз он рӯзҳои мудҳиш аллакай 44 сол гузаштааст ва ҷангу ҷидолу қатлу ғорат дар ин кишвари ҳамсоя ҳамоно идома дорад. Бинобар он шукри Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу суботи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки чунин Ватани зебо дорему дар оғӯши он кору зиндагӣ дорем. Акбар Маҳмудов – ҷанговари байналмилал, аъзои фаъоли ҳизбӣ