Рубрики
Uncategorized

Деваштич: “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”- Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 бахшида ба таъсисёбии 29- солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”  субҳияи идона ташкил намуд. Бояд қайд намуд, ки дар субҳия гурӯҳи “Офтобак” бо роҳбарии мураббия Ашӯрматова Нурҷаҳон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии хуртаракон, ки аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ маншаъ мегирад, шеъру тарона ва сурудҳо қироат намуданд. Аз баромади хурдтаракони гурӯҳи “Офтобак” эҳсос гардид,ки ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи созанда дар ҳимояи истиқлоли миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу Ваҳдат нақши муассир дошта, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон аст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Артиши миллӣ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *