Террористон ин ифротгаронанд, ки дар рафтор ва ҳаракатҳояшон ҳассосият нисбат ба ақл афзалият доранд, баъзан ин ҳассосият ҳатто ба дараҷаи аффективӣ мерасад. Дар ин гуна муносибат руҳияи террорист ба руҳияи тӯдаи одамон наздик мешавад. Сатҳи пасти маърифат ва ғалатфаҳмониҳо оид ба олами атроф ба он ки танҳо зӯроварӣ ва таҳдид воситаи беҳтарини таъсирнокӣ барои табдил додани олам ба шумор меравад, шахсияти террористро ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ намудор месозад.
Хушбахтона, мардуми тоҷик хуб медонанд, ки дини мубини ислом муқобили инсонҳои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғурурро маҳкум менамояд. Нафароне, ки воқеан ин арконро дар амал тадбил менамояд, дар ҷомеа иззату обрӯ пайдо мекунанд. Боиси таассуф аст, ки бархе ба ном тақводорон зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро, ба хусус ҷавононро, ба роҳи ифродгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунад.
Имрӯз замоне расидааст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар андешаи тарбияи равоншиносони соҳибкасб ва ботаҷриба бошад. Агар мо хоҳем бо терроризм ва экстремизм мубориза барем, бояд ин масъаларо аввалиндараҷа ҳисоб намоем, зеро терроризм хатарест, ки ҳастии инсониятро зери суол бурдааст. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аксаран ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.
Ин гурӯҳҳо барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми худ созанд. Аз ин рӯ, зарур ва хатмист, ки дар ин самт тадбирҳо ба маротиб бояд пурзӯр гарданд. Қабл аз ин ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки ба ҳадафьояшон танҳо инсонҳои таҳаммулпазир мерасад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост.
Ҳадафи асосии ҳар як китобдор ин тарғибу ташфиқ ба китобу китобхонӣ мебошад. Бинобар ин, мо бояд онҳоро бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гардонем, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Нагузорем, то ки ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд мутаҳҳид, якдил ва дастҷамъ бошанд, ба иғвои хоинон дода нашаванд, то ин ки ватани обод, тинҷу осоишта ва соҳибистиқлоламонро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем.
Акбар Маҳмудов,
узви Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.