Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Ҳушёр будан беҳтар аст…

    Ҷомеаи ҷаҳонии муосирро муаммои муҳимтарин, ҳалталабтарин ва хавфноктарин ин авҷ гирифтани терроризм ва экстремизм  мебошад. Терроризм падидаест, ки дар аввали фаъолияти он шинохтани душман на ба ҳар фард муяссар мегардад. Онҳо дар байни мо, ҳатто дар наздики мо зиндагӣ мекунанду мо аз ғояву мақсадҳои онҳо огоҳ шуданамон хеле мушкил аст. Барои ин бошад, аз мо ҳушёрии мутлаъ талаб карда мешавад. Хусусан дар қатори волидон тарбия ва пешгирии роҳгумзании наврасону ҷавонон ба  дӯши омӯзгорон аст. Зеро имрӯз ба дигаргунии хусусиятҳои психологии наврасон бояд таважжӯҳи хоса зоҳир намоем.

    Зеро, ифротгароён бештар нафаронеро ба сафи худ ҷамъ мекунанд, ки соҳиби ягон муаммое ҳастанд, иродаи заиф доранд. Мо бояд дар ҳалли ин муаммоҳо аз ин қувваҳои бадкирдор пештар ҳаракат намуда, ёрии саривақтии рӯҳии хешро ба фарзандони худ расонем. Ҳодисаҳои рӯзҳои охири дар ВМКБ сарзада дар муҳити сиёсии ҷаҳонӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда, ҳатто барои як гурӯҳ аҷнабиёни дасисабоз баҳонаи хубе гардид барои аланга додани оташи якдиранофаҳмиҳо. Аммо, миллати тоҷик маротибае якумра дарси бузургро барои худ аз ҷанги шаҳрвандӣ гирифт ва бо роҳбарии сарвари оқилаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдати комил расид. Пас, ягон қувва, ягон гурӯҳ наметавонад пеши роҳи расидан ба мақсадҳои наҷибро дар кишвари гирад. Зеро мо халқи тоҷик ҳамеша сулҳпарвару сулҳофар ҳастем. Дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки ба якпорчагии давлати соҳибистиқлоли мо хавф эҷод мекунанд, ин хиёнат ба Ватан аст. Гарчанд имрӯз гуногунандешӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз принсипҳои асосии демократия васеъ доман паҳн карданаш мумкин аст, ин маънои онро надорад, ки андешаҳо зидди сулҳу субот бошанд. Барои ҳамин ҳам бояд, барои сохтанҳо бикӯшем ва пеши роҳи сӯзандаҳоро бигирем. 

Зарифа Нуриддинова

Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *