Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ:

Чист истиқлол, иззат доштан. 

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

Баъд а пошхурии Иттифоқи советӣ 15 давлате, ки дар аҳди Шуравӣ буданд бо навбат соҳибистиқлол гардиданд. Дар ин миён кишвари азизи мо Тоҷикистон низ санаи 9-уми сентябри соли 1991 худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуд. 

Якчизро набояд ҳеҷ як фарди тоҷик фаромӯш насозад, ки Тоҷикистони азизамон баҳри ба даст овардани оромву амнияти миллӣ бисёр машаққатҳоро паси сар намудааст. 

Имрӯз мо бо шумо 31-умин солгарди соҳибистиқлол гардидани ватани азизамон Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Биёед бо ҳам як ба гузаштаи пеш назар мекунем, ки давоми ин 31 сол мо бо чӣ дастовардҳое ноил гардидем. 

Пеш аз ҳама дастоврди бузургӣ миллати мо ин Истиқлолият мебошанд. Чун беҳуда намегӯянд: 

Истиқлолият неъмати бебаҳост.

Бале дар ҳақиқат ҳам истиқлолият ин худ неъмати бебаҳое мебошад, ки мо бояд ҳамагӣ онро қадр намоем. Чуноне, ки Президенти кишвари азизамон дар суханрониҳояшон доимо таъкид месозанд, ки мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем. 

“Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад” – аз суханронии Пешвои миллат дар ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ногуфта намонад, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Истиқлолият бисёр назаррас буда. Мо ҳамагон бояд аз ин марди хирад миннатдор бошем. Чун маҳз бо шарофат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат давлату миллати тоҷик рӯз аз рӯз тараққи намуда моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд. Маҳз Пешвои миллат буданд, ки миллатро аз вартаи ҷанг бурун оварданд. 

Суханҳои “Ман ба шумо суҳ меорам”- и Пешвои миллат ин худ гувоҳӣ ҳама гуфтаҳои болост. 

“Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем.

Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд.

Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад.

Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.

Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд” – бешак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ бамаврид қайд намудаанд.

Муваффақ шудани давлатамон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол мебошад.

Соҳибистиқлол будан ин худ як давлати бебаҳое мебошад. 

Мудири шуъбаи молия-

сармухосиби КИ ХХДТ 

дар нохияи Деваштич            Нилуфар Носирова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *