Рубрики
Асосӣ

ДИҚҚАТ ХАБАРИ ХУШ!

Нашрияҳои  ҲХДТ “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ҷиҳати саривақт расонидани қарору фармоиши роҳбарияти олии ҳизб ва барои тақвияту самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ саҳми муассир доранд.

Бо дастури бевоситаи  Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, ки минбари асосии тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб маҳсуб меёбад,  эътибори хосса додан мувофиқи мақсад аст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол низ нақшаи Обуна -2023 ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ба иҷро расониданд.

Бояд қайд намуд, ки нахустин шуда дар ҷумҳурӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон аз иҷрои нақшаи обуна ба ҳафтаномаи “Минбари халқ”ва “Сухани халқ”  мужда расонида буданд.

Кулли кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ,  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол  изҳори миннатдорӣ  баён менамоем. Бовари дорем, ки дигар кумитаҳои иҷроияи вилоят низ нақшаи Обуна -2023 ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” –ро ба иҷро мерасонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *