Рубрики
Uncategorized

Дунявият ва давлатдории дунявӣ

          Зери ҳамин унвон бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент  бо иштироки устодон ва донишҷӯён сӯҳбат доир гардид.

          Омӯзгорон ва донишҷӯён дар ин сӯҳбати озод оид ба мавзӯъҳои ташреҳи мафҳуми дин, эътиқоди динӣ,  шуури динӣ,  таносуби дину сиёсат, озодии виҷдон ,  дунявият ва давлатдории дунявӣ, динҳои ҷаҳонӣ,сиёсати давлати Тоҷикистон дар таъмини озодии виҷдон, хатари хурофотпарастию гароиш ба ақоиди ифротӣ ибрози наҳзар намуданд.

         Мудирони шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева ва Қобилҷон Ҷалолов дар доираи мавзӯъи сӯҳбат изҳори андеша карда, таъкид доштанд, ки баррасии ин мавзӯъҳоро  дар   тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ, гароиш ба ақидаҳои ифротӣ, хатари созмонҳои ифротгаро ва террористию экстремистӣ, боло бурдани маърифати ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *