Чаро баъзе духтарон ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифта намешаванд, таҳсилро идома намедиҳанд, ин хоҳиши худи онҳост ва ё волидон?
Дар мулоқот бо духтарон- муҳассилини синфҳои 8-9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 , ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирокчиён ба ин савол ҷавобҳои гуногун доданд. Мудирони шӯъбаи Кумиҷроия Мавлуда Тоҷиева, Қобил Ҷалолов, сарвари муассиса Мавҷуда Аҳророва, дигар омӯзгорон сиёсати давлати Тоҷикистонро дар ин самт шарҳ дода, таъкид намуданд, ки Пешвои муаззамаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳсил ва пешбарии бонувон ба вазифаҳои муҳим таваҷҷӯҳи хоса доранд.
– Духтарон- модарони оянда, бояд таҳсилдида бошанд. Ин барои оянда фарзандон ва дар маҷмӯъ ҷомеа, хеле муҳим аст,- ба ин андеша ҳамаи иштирокчиёни мулоқот розӣ буданд.