Рубрики
Uncategorized

ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД – 2021

Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолони ҳизб дар толори хурди Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар таҳти унвони “Душанбе- пойтахти фарҳангии иттиҳод-2021” доир гардид.

Нахуст раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломӣ ба кори мизи мудаввар ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо барномаи он шинос намуд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода баромад намуда, табрикоти роҳбарияти кумиҷроияи вилоятиро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар мизи мудаввар маърӯзаи Шавкат Шарипов дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Душанбе-маркази тамаддуни тоҷикон ва тоҷикони бурунмарзӣ” шунида шуд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар якчанд фаъолон фикру андкшаҳои худро баён доштанд ва бо ҳамин ба кори он хотима бахшида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *