Дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Каримова Ш.Ҳ, дар байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи хониши сиёсӣ таҳти унвони “Душанбе –хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон” баргузор намуд.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ оид ба эълон гардидани “Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳод 2021”, ки таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Чумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки имсол ба 17 апрели рост меояд , баромад карда, аз созандагиву ободонкорӣ, инкишоф дар раванди инфрасохтории пойтахт, бунёд гардидани корхонаву саноатҳо, донишгоҳу муассисаҳо, иншоотҳои диниву фарҳангӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ ва қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки ба ҳусни шаҳри Душанбе, пойтахти тамоми тоҷикони дунё унвон мешавад суханҳо гуфта шуд.
Хонандагон бо як меҳру муҳаббати самимӣ баромад ва суханрониҳоро гӯш карданд. Аз нигоҳи хонандагон маълум шуд, ки орзуи донишҷӯ шудан дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе дар дили онҳо боз ҳам зиёдтар гардид.