Рубрики
Uncategorized

ДӮСТИЕ, КИ ИРОДАИ СИЁСӢ ЭҲЁ КАРДААСТ

Мулоҳиза: Ин бегоҳ наворҳои боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Душанберо дидем ва рӯзҳои ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии Саразм – Ҷартеппа ба ёдамон омад. … Он рӯз пирамарде чун ба хоки Тоҷикистон қадам гузошт, нишаст, даст ба замин бурд ва ба чеҳрааш кашид. Байни издиҳом ба ӯ наздик шудем, чашмонаш ашколуд буд ва бо овози ларзон ба сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, дуои ҷондарозӣ мекард. Он рӯз садҳо нафар аз ду ҷониб ҳоли он мӯйсафедро доштанд, ашки шодӣ мерехтанд. Аз он рӯз се солу се моҳ сипарӣ шуд ва байни ду давлати ҳамҷавор роҳ дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуд. Дар ин байн дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон гардиши куллӣ ба вуҷӯъ омад. Ва тавре дар оғози барномаи муштараки консертии “ Шоми дӯстӣ” сарони ду давлат таъкид доштанд, муомилоти иқтисодию тиҷоратӣ 30 маротиба афзуда, ба рағми хуруҷи пандемияи коронавирус ба 500 миллион доллари ИМА расид ва дар ин боздид боз беш аз 30 қарордод ба имзо расид, ки арзиши онҳо беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳоло 200 корхонаи муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Муҳимтар аз ин дар ин боздид ду ҷониб ба қарордодҳое имзо намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои бузургро дар соҳаи энергетика, саноати истихроҷи маъдан, мошинсозӣ, нақлиёт, равуои шаҳрвандон пешбинӣ менамоянд. Яке аз онҳо бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯди Зарафшон аст. Яъне захираҳои азими обӣ ва энергетикии Тоҷикистон на чун собиқа барои давлати ҳамсоя низоъбарангез, балки заминаи муносиб барои густариши равобити дӯстию ҳамҷавории манфиатбахш барои ҳар ду ҷониб гаштааст. Илми сиёсатшиносӣ муносибату равобити давлатҳоро танҳо дар манфиат медонад. Барҳақ, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Дар муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҷуз он ки равобиту ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба манфиати ҳарду ҷониб ҳаст, боз падидаи дигаре, ки аз умқи таърих маншаъ мегирад ва нодида гирифтани он бар зарари онҳост, ҷойгоҳи хоса дорад. Ин муносибати хешутабории халқҳои ду давлат ва муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, динию мазҳабӣ ва забонӣ низ ҳаст. Дар ҳарду давлат миллионҳо нафар худро тоҷик ва ӯзбек муаррифӣ мекунанд. Дар ҳамон барномаи ҳунарии “Шоми дӯстӣ” ҳозирин ҳам дар ҳавои суруди тоҷикӣ арғушт мерафтанду ҳам ӯзбекӣ, ҳофизи тоҷик ба ӯзбекӣ месуруду ӯзбекистонӣ ба тоҷикӣ. Аз ин ҷост, ки Шавкат Мирзиёев дар оғози ин барнома муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва бародарии ҳалқҳои ду давлатро дар ҷаҳон намунаи нодир унвон кард. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо кӯмакҳои билоивази Ӯзбекистонро дар давраи пандемияи коронавирус фаромуш намекунем. Дар рӯзи нахустини боздид сарони ду давлати дӯст ба таври маҷозӣ бинои маркази табобатиро дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, ки ҷониби Ӯзбекистон бо навтарин таҷҳизоти ҳозиризамон бунёд кардааст ва бинои муассисаи таълимиро дар ноҳияи Ургути Ӯзбекистон, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ сохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Ҳамаи ин самараи иродаи неки сиёсии сарони ин ду давлати дӯсту бародар аст. Маҳз ҳамин иродаи сиёсӣ имконият фароҳам овард, ки кӯргиреҳи мушкилоти сарҳадии ду давлат бо муросою мадоро баррасӣ ва ҳаллу фасл шавад, аз садҳо километри сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон минаҳо, ки боиси марги даҳҳо нафар шаҳрвандони ду ҷониб гашта буданд, барчида шаванд. Ҳанӯз ҳангоми сафари нахустини Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе сарони давлатҳо бо хушнудӣ изҳор дошта буданд, ки байни онҳо ягон мушкилоти баҳсбарангез боқӣ намондааст. Ин гиреҳ , ки солҳои зиёд зам шуда, ба кӯргиреҳ табдил шуда буд, дар фурсати кӯтоҳтарин кушода шуд. Ин ҷо ғайриихтиёр муносибати ҳамсояи дигарамон пеши назар меояд, ки бо вуҷуди муносибати некхоҳонаю сулҳдӯстонаи Тоҷикистон, иродаи сиёсии Пешвои миллати мо ҳанӯз ҳалнашуда боқӣ мондааст. Яъне иродаи сиёсӣ бояд дуҷониба бошад, дар ин сурат ҳалли мушкилот осонтар сурат мегирад. Ҳамин иродаи сиёсии дуҷонибаи ду сарвари давлат, ду лидери сиёсӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба татбиқи лоиҳаҳои азиме даст задаанд ва ё пешбинӣ кардаанд,ки даҳ сол қабл дар ин бора ҳатто орзу намекардем. Ҳамин иродаи сиёсӣ буд, ки хоҳишу мароми халқҳои ду мамлакат дар сиёсати давлатҳо ба ҳам омад. Ҳамин иродаи сиёсӣ буд, ки дигар дар симои ҳамдигар душманро намеҷӯем. Ҳамин иродаи сиёсӣ буд, ки миллионҳо нафар дидаҳои ташнаи дидори ҳамдигар аз ду ҷониби сарҳад ба дидори ҳам расиданд. Ҳамин иродаи сиёсӣ буд, ки имрӯз ин ду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ барои мардуми ду ҷониб чун қаҳрамон шинохта мешаванд. Ҳамин иродаи сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон , муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, ки мо ба ояндаи муносибатҳоямон бо умед ва назари нек менигарем. То бод чунин бодо! Мурод Шукурзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон. Турдибой Солеҳзода, роҳбари дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *