Дар арафаи Рӯзи Модарон табрикоти модарону занони фаъоли ҳизб аз ҷониби Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо маром идома дорад. Имрӯз, ба ду нафар занони барӯманди вилоят Сатторова Омина ва Ғаффорова Тӯтинисо “Номаи меҳр”-и Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд расонида шуд. Омӯзгори собиқадор, зани кордону устоди чандин шогирдони вафодори касби хеш Сатторова Омина аз ҳаёти хеш нақл карда, изҳор намуд, ки тӯли 45-дар Литсейи физикӣ-математикӣ №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ фаъолият бурдааст. Ин зани зиндадил соҳиби фарзандону, наберагон буда, аз айёми саодатбори имрӯза шукргузорӣ мекунад.
Пас аз аёдати Сатторова Омина кормандони ҲХДТ дар вилояти Суғд роҳ суйи манзили олими сермаҳсули Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонҷон Ғаффоровро пеш гирифтанд. Номаи меҳри Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ҳамсари Усмонҷон Ғаффоров- Ғаффорова Тӯҳфанисо расонида шуд. Ҳангоми баёни Номаи меҳри Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба Ғаффорова Тӯтинисо, Усмоҷон Ғаффоров изҳор намуданд, ки муваффақият он кас ба шарафи ҳамсарашон аст.