Рубрики
Uncategorized

ЗАН САРЧАШМАИ МЕҲР

Бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бонувон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву адабии кишвар рисолати нақшофариниро касб намудаанд. Ҳамаи Шумо Бонувон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ваҳдату ягонагӣ, тарбияи шоистаи насли наврасу ҷавон ҳиссаи сазовор дошта, ҷузъи муҳими пешравӣ, шукуфоӣ ва дастовардҳои ин давронро метавон ба кору пайкори созандаи Шумоён марбут донист. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯву заковати Шумо – занони тавоно такя намуда, татбиқи амалии барномаву ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баланд бардоштани мақому манзалати занро дар меҳвари фаъолияти худ медонад рисолати аслии хеш қарор додааст.Ин нуктаҳоро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар маҳфили адабӣ, ки бахшида ба “Рӯзи Модар” таҳти унвони “Зан сарчашмаи меҳр ” баргузор гардид ироа намуд. Чорабинии мазкур дар тарабхонаи овозадори “Яккасарой” бо иштироки беш аз 100-нафар занони фаъоли ҲХДТ бо руҳияи идона таҷлил гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аҳли нишаст, бонувони комгору муваффақ, аъзоёни фаъоли ҳизб, занони сиёсатмадор, эҷодкору ҳунарманд, омӯзгору табибонро бо ҷашни зебои Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, онҳоро сарчашмаи меҳру зебоӣ, нафосату назокат, вафову садоқат унвон кард. Ба занону модарон рӯзгори босафову саодати зиндагӣ, барору комёбиҳои беназир таманно намуд.Сипас Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона зимни суханронӣ бо шеъру тарона модарону хоҳаронро бо “Рӯзи модарон” табрику муборакбод намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ҳар як занон номаи меҳр ва туҳфаҳоро тақдим карда бо “Рӯзи модар” табрику муборакбод намуд. Барномаи фарҳангӣ бо таронаҳои дилошӯбу ҷаззоби ҳунармандони варзидаи вилоят Анвар Қосимов, Носирҷон Раҳимов, Нозимҷон Раҳимов, Шӯҳрати Расул, Нозими Юсуфзод, гр. Садоқат ва Ойбек, Анвар Ахмедов, Нодирабегим Усарзода, Сироҷиддин Худоймерганов, Донишманд Қутбиддинов ва дигарон рангину хотирмон гузашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *