Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Барои Ватан ҷон фидо мекунем

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  тибқи нақша чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10.02.2022 №12 бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ санаи 12 феврали соли 2022 дар қисми низомии воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод чорабинии  “Дарҳои кушод”  бо иштироки афсарону сарбозони дидбонгоҳи сарҳадӣ, муҳассилини муассисаҳои таълимии № 11,3,23, чорабинии хотирмон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимӣ Фирдавс Носирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, мудири бахши кор бо ҷавонон  ва варзиши ноҳия Авезов Беҳзод, роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ директори Қасри фарҳанги “Зафар” Ахмедов Наимҷон, афсари дидбонгоҳи сарҳадӣ Ҳомидзода Муҳаммад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо зикр гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддас ва шаҳрвандӣ буда, рисолати бузурги ватандорӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз барои хизмати софдилода дар ҳамаи қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда шудаааст.  Ҳар даъватшаванда ва хизматчии ҳарбиро зарур аст бо эҳсоси волои ватандорӣ ва ифтихор аз ин сарзамин барои нигаҳдории амну субот ба хотири пойдории Ваҳдату Истиқлоли Тоҷикистони азиз, татбиқи дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаззаф ва ҷонфидо бошад.

Ҳамчунин  зимни баргузории чорабинӣ аз шароити кисми низомӣ дидан карда, хонандагони муассисаҳои таълимӣ таасуроти нек бардоштанд. Дар партави чорабинии мазкур ба хизматчиёни дидбонгоҳи сарҳади дастурхони идона ташкил карда шуда, намоиши барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *