Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Аксияи муштарак

Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар кӯчаю маҳаллаҳои маркази ноҳия пайваста аксия гузаронида мешавад. Ҳамин гуна чорабинии муштарак дар бозори “Бадахшон”-и маркази ноҳия гузаронида шуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Ҳамчунин бо шаҳрвандон сӯҳбати рӯ ба рӯ ташкил карда шуда, доир ба масъалаи саривақт гирифтани ваксина бар зидди бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, масъалаҳои танзими расму оин ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *