Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан

Ба истиқболи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ дар ноҳияи Зафаробод вусъати тоза мегирад. Сокинони касбу кори гуногун дар ноҳия бо иқдоми арзанда ба ҳашар баромада, дар тозаю зебо намудани кӯчаю майдонҳо саҳм гузоштанд. Вобастаи ба барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 17.02.2022 бо мақсади пос доштани хотираи гузаштагон, ки дар пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҷоннисорӣ намудаанд дар ноҳия аксияи тозагии оромгоҳҳо таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба поси хотири муҳофизони Ватан ” бо ҷалби фаъолони ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор карда шуд. Ҳамин гуна иқдомҳои хайровар пайваста роҳандозӣ карда шуда, сокинон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *