Аёдати собиқадорон ва нафароне, ки дар истеҳсолот заҳмати арзанда кардаанд, дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта дар ин самт пайваста иқдоми шоиста рохандозӣ мегардад.
Зимни ташрифи худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Зафаробод собиқадори меҳнат Ҷӯраев Қурбонро аёдат намуда, аз фаъолияти пурсамари ин нафарро дар татбиқи сиёсати маорифпарварона ва тайёр намудани мутахассисони бозори меҳнат ёдоварӣ намуд. Ба Устод бо таманниёти нек даврони пурсаодати пирӣ орзу карда шуд.