ҒАЙРИМАНҚУЛ”ВА “МАРКАЗИ ҲИМОЯИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИИ СИЛ”
Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шифо”, ” КДФ Моли мулки ғайриманқул”, “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” доир гардид.
Дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ зикргардида иштирок намуданд.
Рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз руи масъалаҳои зерин дида баромада шуд:
1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти нати-ҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то
моҳи июни
соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти
ибтидоӣ.
3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.
4. Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихобо-тии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод.
5. Масъалаҳои ташкилӣ.
Вобаста ба масъалаи якуми рўзнома раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳисобот доданд. Дар ҳисобот гуфта шуд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии дар боло зикргардида дар ноҳияи Зафаробод фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиғ намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҲХДТ, нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақти ба аъзоён, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ ба роҳ мондааст.
Дар самти иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод корҳои таблиғотии босифат дар давраи маъракаҳои сиёсӣ анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади ҷоннок намудани тақвияти корҳо дар самти таблиғот ва баланд бардоштани мафкураи сиёсии аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дарсҳои сиёсӣ бо мавзӯъҳои гуногуни аз қабили “Натиҷагирӣ аз корҳои ҳизбӣ”, “Таблиғи ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ”, “Саҳми ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар”, “Тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ”, “Таблиғи идеологияи ягонаи миллӣ” ва дигар мавзуъҳо гузаронида мешавад.
Аз руйи масъалаи дуюми рўзнома вобаста ба «Тасдиқи Нақшаи кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022» аз ҷониби котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бандҳои он муаррифӣ гардиданд.
Вобаста ба масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома мутобиқи банди 4.13. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва интихоби вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ба ТИ ҲХДТ “Шифо”- Ҷумаев Шавқӣ, ТИ “КДФ Молу мулки ғайриманқул” Қурбонов Тоҳир ва ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”- Сувонқулов Бахтиёр интихоб гардида, вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод интихоб карда шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун раисони ташкилотҳои ибтидоии номбаршударо бо интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулияти ҷамъиятӣ – сиёсӣ табрик намуда, аз мактаби давлатсозии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки заҳматҳои беназирро дар худ дорост ёдовар шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ҳафт самти сиёсии кишвар чун барномаи амал маҳсули корҳои минбаъдаи моро исбот менамояд.