Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Барои Ватан ҷон фидо мекунем

Санаи 15 феврали соли 2022 мутобиқи нақшаи чорабиниҳо дар Комендатураи сарҳадии ноҳияи Зафаробод мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ котиби якуми кумитаи вилояти Суғдии ҲКТ Мирзоева Қурбонҷон, собиқадори ҲХДТ Темирова Хайринисо, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Абдусаломзода Малоҳат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун иштирок ва баромад намуданд.

 Зимни баромадҳо қайд гардид, ки хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, имрӯз барои адои ин қарзи олии шаҳвандӣ дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҷавонони далеру шуҷоъи Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат равона гардида, барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, гиромидошти арзишҳои миллӣ иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона хизмат мекунанд. Афсарону сарбозони қисми низомӣ аз мулоқот таасуроти хуб бардошта миннатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *