Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: БОЗДИД АЗ ҚАСРИ АРБОБ

Гурӯҳи аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳия дар ҳайати шунавандагони Курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод  дар партави мулоқот бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз Қасри таърихии  “Арбоб” боздид  намуданд.

Ҳизбиёни ноҳияи Зафаробод  майдону гулгаштҳои  ин макони таърихӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи  тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ гардидааст, тамошоро оғоз карда, сипас аз толори калон, осорхонаи Иҷлосияи таърихии Шурои Олӣ дидан намуданд. Ҳамчунин Албоми ҷашние, ки аз ҷониби хизбиёни мамлакат дар   чорабинии Албом-эстафета ташкил карда шуда буд тамошо карда, аз баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Воқеан Қасри бошукӯҳ ва таърихии Арбоб макони таърихӣ, гаҳвораи эҳёи Тоҷикистони навин, аввалин минбари Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу муқаддас аст. Гурӯҳи ҳизбиёни ноҳияи Зафаробод аз ин боздид ва мулоқот бо роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамчунин аз ҷараёни фаъолияти шуъбаю бахшҳои кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ таасуроти ғанӣ бардошта, тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ барои тадбиқи шоистаи ҳадафҳои ҲХДТ бештар саҳмгузор хоҳанд гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *