Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Ваксина ҳаёт аст

Вобаста ба барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти рақами 104 аз 7 декабри соли 2021 бо мақсади фарогирии аҳолӣ ба эмкунӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID -19 гардиши хона хона гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва бахши кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини Ҷамоати шаҳраки Зафаробод дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Зафаробод мулоқоти хона ба хона ташкил намуда, сокинонро ба гирифтани ваксина ҳидоят намуданд. Зимни мулоқот бо шаҳрвандон сӯҳбати рӯ ба рӯ ташкил карда шуда, доир ба масъалаи саривақт гирифтани ваксина бар зидди бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ мулоқоти судманд доир карда шуд. Қайд карда шуд, ки ҳифзи саломатӣ беҳтарин неъмат буда, эмкунӣ ба зидди беморӣ муҳимтарин василаи пешгирӣ маҳсуб меёбад. Мутаасифона имрӯз шаҳрвандоне, ҳастанд, ки ба саҳлангорӣ роҳ дода, саломатии худу пайвандонашонро зери хатар мемонад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *