Рубрики
Асосӣ

Зафаробод: Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз”

     Санаи 21-уми июни соли равон  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз”-и ноҳия ааз фаъолияти худ натиҷабардорӣ намуд. Мувофиқи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти номбурда баромад намуда, зимни суханронии худ зикр намуданд, ки ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ саҳм хоҳанд гузошт, ҳамчунин ташкилоти ибтидоӣ ва шахсони масъул минбаъд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифат ва шумораи аъзои ҳизб, беҳтар гардонидани фаъолият ва интизоми аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Сипас, аз рӯи масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома интихоби раис ва интихоби вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод    бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шамсиев Далер аз  нав  раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Роҳсоз” интихоб гардида,  вакилон  ба  Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод   интихоб карда шуданд.. Пешниҳод аз ҷониби аъзоёни ҳизб қабул карда шуд.  Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида  қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *