Рубрики
Асосӣ

Зафаробод: Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо маром идома дорад

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилояти оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, байни аҳолии ноҳияи Зафаробод корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 гузарониданд. Бо мақсади самаранокии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар бозори марказии ноҳияи Зафаробод бо ҷалби аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” маводҳои тарғиботӣ ба миқдори 250 адад тақсим карда шуд. Ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар ҳама ҳолат қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва масофаи иҷтимоиро риоя намуда, саломатии худ ва хонаводаашонро ҳифз намоянд. Ёдовар мешавем, ки дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳияи Зафаробод мунтазам идома дошта, ба раванди коҳиш ёфтани хуруҷи бемории сироятии короновирус таъсири худро гузошта истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *