Санаи 21-январи соли 2022 Исмоилзода Зуфар Муртазохон – вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор – 50” ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, бо сокинони деҳаҳои Гулистон ва Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тавзеҳ гардида, натиҷаҳои самарабахши соли 2021, ки ҳамчун соли ҷашнӣ дар саҳифаи таърихи миллат бо хатти заррин сабт гардид, ёдоварӣ карда шуд. Ҳамчунин фаҳмонида шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муҳимтарини рушди ҷомеа бояд бо масъулияти бештар фаъолият намуда, дар давраи минбаъда ба натиҷаҳои назаррас расем. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳое, ки дар Барномаи пешазинтихоботӣ пешниҳод гардида буд, масъалаҳои иҷтимоӣ, таъмини оби полезӣ, таъмири бинои хонаи фарҳанг мубодилаи афкор сурат гирифт. Сокинони деҳоти Равшан ҷиҳати ташкили мулоқот ба Исмоилзода З.М. -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилоят Зокиров Саидбой арзи миннатдорӣ баён намуда, дархосту андешаҳои худро баён намуданд.
Рубрики