Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Мулоқот бо муҳочирон

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо масъулони бахши муҳоҷират дар ноҳия бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ, ки ҳамчун муҳоҷири дохилӣ аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ омада дар Зафаробод сукунат менамоянд, мулоқот намуданд. Иштирокдорони мулоқотро сараввал ба санаи фархунда рӯзи кабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, моҳияти арзишманди ин санади муқаддаси давлатдориро ба ҳозирин фаҳмониданд.

Ҳамчунин дар мулоқот доир ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, таъмин бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ сӯҳбат ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *