Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Осори Cадриддин Айнӣ шаҳодатномаи миллат

                  

Дар партави таҷлили  чорабиниҳои баҳору  наврузӣ санаи 15 марти соли 2022 дар назди пайкараи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Зафаробод  воқеъ мебошад, маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Дар маросим Шоири Халқии Тоҷикистон Устод Фарзона, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, котиби масъули нашрияи “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода, директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Зафар Одиназода, адибону шоирони маҳаллӣ ва ҷавонону наврасон иштирок доштанд.  Пас аз маросими гулгузорӣ аз  хизматҳои қаҳрамононаи Устод Айнӣ   дар бунёд ва рушди адабиёту фарҳанги миллӣ ёдовар гардида, аз ҷониби  Устод Фарзона ва Аминҷон Зарифӣ шеърҳо қироат карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *