Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: Парчами Ковиёнӣ

МАҚОЛА: Дар сурху сафеду сабз рамзи Ватанам,

Ҳафт ахтару тоҷ бувад зи набзи Ватанам.

Сурх оташи Зардуҳишт, сафед ҷомаи адл,

Тоҷ ахтари Ориёнӣ, сабзӣ марзи Ватанам.

Дар таърихи парчамдории Ориён парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи хело ҳассоси таърихӣ ва сарнавиштсози тоҷикон пазируфта шуд ва чун рамзи муқаддасоти миллӣ аз истиқлолу озодӣ, поягузории асосҳои давлати нави тоҷикон пайғом дод. Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 24 – уми ноябри соли 1992–юм ду санади таърихию муқаддаси миллиро қабул намуд, хушбахтона Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон пазируфта шуд ва ба ҷаҳониён тарҳ, ранг, рамзҳои хосаи Нишону Парчами миллӣ муаррифӣ карда шуд. Иҷлосияи XVI–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист натанҳо асосҳои аввалини сохти конститутсионӣ, балки хишти аввалини бинои Ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдорро дар зери парафшонии парчами миллӣ бигзорад, балки тавонист сарони тамоми тарафҳои муқобилу мухолифро ба зери шаҳомату бузургии Парчами миллӣ чун рамзи якпорчагӣ ва пойдории насли ориён сари зонуи ихлосу боварӣ ба фардои неку дурахшон биншонад.

Пас Парчами миллие, ки имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат ва осоишу амнияти Ватан партавфишон аст, бо ин нақшу тарҳ, рангу ороиш аз зеҳнияти баланди ориёнаи аҳли зиё, аз умқи таърих бархоста, чун боли симурғи наҷотбахш баёнгари ормону орзӯ, дилу нияти неку сафеди озодазодагон аст ва аз нахустин рӯзи тавлид баҳри сарсабзӣ ва дифои ин хиттаи биҳиштӣ баланд шудааст.

Дар он талотумхонаи талоши нафс, ки иддае чоплусона хостори мансабу вазифа, бо тарҳу нақшҳои гуногуни хеш талош ва даъвои пешниҳоди тарҳу лоиҳаи парчамҳои хеш буданд. Аммо ақли солим, хиради азалӣ дурандешию заковатӣ баланди ориёна нагзоштӣ, ки ҳеҷ ранги сиёҳу тирае, уқобу шоҳине, шамшеру камоне, ё рамзи динию мазҳабие тарҳи парчами миллии моро тираву доғдор намояд. Рангҳои софу кушода ва беолоиши сурху сафеду сабз беҳтарин интихоби оқилонаю ориёна дар муаррифии дилу нияти миллати фарҳангию хирадпешаи тоҷик ба оламиён буд. Нақшдӯзии тоҷ ва ҳафт ситора дар рӯи раддаи сафеди парчам далели қатъӣ аз таърихи тоҷдорӣ ва оини тоҷгузинии подшоҳони ориёист дар давлату давлатдорӣ. Эҳёи ин ойини некӯ ба оламиён пешниҳоди рамзи давлатӣ бо чунин аломатҳо, беҳтарину арзишмандтарин рисолати ориётоҷикона аст. Сари ин масъала тадқиқоти амиқи бостоншиносию таърихӣ мебояд, то пайвандҳои гусастаи наслҳои ориёиро дақиқану сареҳан дар ин боб шиносоӣ намоем. Дар зеҳнияти таърихии ориёнасабон, ки бо аҳкомҳои пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек сабз шудаву рушд сохтааст, рангҳои сурху сафеду сабз чун фариштагони бахту шодӣ ва фараҳу гармиву ободӣ, фаровонию амну осоиш, дарҷ гаштаву насл ба насл расидааст.

Пас интихоб ва қабули парчами миллии тоҷикон бо ин нақшу тарҳ ва рангу ороиш чун: сурху сафеду сабз бо ҳалқаҳои зарҳалини тоҷу ҳафт ситора арзишмандтарин иқдоме дар сохтани пояҳои устувори давлати миллӣ буд.

Тоҷикон дар таърихи башарият аз зумраи аввалин миллатҳое ба шумор мераванд, ки парчамдор ва ихтирокори он будаанд. Далелҳои таърихӣ ва бостоншиносии олимону сайёҳони Чинию Юнонӣ, инчунин кишваршиносони англису рус ва муосири дигар халқу миллатҳо шоҳиди ҳоланд, ки ин силсиларо ниёгони бофарру хиради мо оғоз бахшидаанд ва дар баробари расми тоҷгузории мубади мубадон бар сари шоҳи нав, инчунин расми қасамёд бо китоби муқаддаси «Авасто» анъанаю русуми саҷда ва эҳтиром бар парчами давлатиро низ чун нишон аз давлатдорӣ ба ёдгор гузоштаанд.

Беҳтарин далели мӯътамад ва таърихию миллӣ «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ дар масъалаи таърихи кашфи парчам ва ойини парчамдории ориётоҷикон аст. Гар қисмати «Достони Заҳҳок бо Коваи оҳангар» аз шӯриши Коваи оҳангар бар зидди зулми Заҳҳоки морон ҳикоят намояду чӣ гуна пироҳани оҳангариро ба сарнайза бастану ба пайкор хестани варо ҳикоят намояд, қисматҳои дигар давра ба давра зи подшоҳе то шоҳе рангу ҷило нақшу андоза, ороишу пероиши нав ба нав касб намудани «Дирафши Ковиёнӣ»-ро таҷассум сохтааст. «Шоҳнома» фарҳанги бузургу нотакрор, энсиклопедияи мукаммали сарнавишти таърихии ориён аст, ки ойини парчамдорӣ чун рамзи муқаддасу пуршаҳомат дар ҳар достоне бо ифтихору ихлосу муҳаббат ситоиш гардидааст. Чуноне, ки дар оғози пайкори Кова нигошта:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.

Аз он чарм, к–оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳаме рафт найза ба даст,

Ки «Эй номдорони язонпараст!»

Сар аз банди Заҳҳок берун кунед . . .

Чу он пӯст бар найза бардид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Бизад бар сари чарми чун гирдмоҳ,

Яке фолӣ фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯҳишт з-ӯ сурҳу зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Коваёнӣ дурафш»

Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шодӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояву парниён,

Бар он гуна гашт ахтари коваён . . .

Имрӯз паҷӯҳиши таърихномаи сайри Парчами Ковиёнӣ дар тамоми давраҳои тамаддунии Ориён имкон дорад, то саҳми ориётоҷиконро дар фарҳангу сиёсати давлату давлатдории халқу миллатҳои минтақа ва ҷаҳон бишносем. Ин нукта қобили зикр аст, ки дар тамаддуни Каёниён, Ҳахоманишиён, Кушониёну Сосониён, то Саффориёну Тоҳириён ва Сомониёну давраи навини давлатдории наслҳои ориёӣ (эрониён, дариҳо ва тоҷикон) андоза, ранг, нақш ва ороиши такмилёфтаи Дирафши Ковиёнӣ нигоҳдорӣ мешаваду нақш дорад.

Тибқи моддаи 3-юми боби 1-уми Сарқонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.XII.1999 таҳти №892 таносуби бару дарозии умумии парчам 1 : 2 буда паҳноии бари рангҳои сурху сабз аз болову поён баробар буда, бари рахи сафед якуним баробари рахҳои ранга нишон дода шудааст. Дар рӯи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дар он оид ба ҷой ва мавқеи насби парчам инчунин ҳолатҳои афрохтани он аз нигоҳи қонун бандҳо пешниҳод гардидааст. 24 ноябри соли 2010 асоси манораи Парчами Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, шоми 30-юми августи соли 2011 ба муносибати таҷлили 20-солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами 165-метраи баландтарин дар ҷаҳон бо бари 30 метру дарозии 60 метр афрохта шуд, ки чун рамзи комили истиқлолияти давлатию миллӣ нақш гузошт. Парчами миллии мо он Дирафии Ковиён аст, ки аз шоҳроҳи таърихи рангину пуртакопӯйи ориён чун рамзи ҳастиофару набзи таҳрикдиҳандаи зиндагӣ зи нав эҳёву бо рангу асолати навини хеш парафшон омадааст. Парчам боиси сарҷамъӣ, файзбахши худогоҳию хештаншиносӣ, бедорсозандаи ҳуввияти миллӣ ва таҳкимбахши Истиқлолияти Тоҷикистон аст.

Парчамат боло сари болои мост,

Парчамат ҳарҷо баланд даъвои мост.

Парчамат фар бар сари шаҳбозҳост.

Парчамат пар бар тани мурғи ҳумост!

Партавафшон бод, ин шони Ватан!

Аминҷон Зарифӣ-

устоди Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *