Санаи 13 январи соли 2022 мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Зафаробод-49”ва “Пахтакор-50” Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ дар ҳайати Мелс Нуров-устоди Мактаби президентии шаҳри Бустон, Бароатхон Маҳкамова-дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ширкат намуданд. Мӯҳтавои мулоқот шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар гирифта, аз ҷониби нотиқон нуктаҳои Паём шарҳ дода шуд. Таъкид карда шуд, ки ин санаи раҳнамои ҷомеа ҳамчун дастури фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатсозию таҳкими истиқлоли Ватани азизамон мусоидат хоҳад кард. Аз андешаҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки банду бобҳои Паёмро мушахассан шарҳ доданд иштирокдорон таасуроти худ бардошта, собит намуданд, ки воқеан Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мақсаду мароми рушд раҳнамои ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар ҳамин мулоқот аз ҷониби вакилон ва интихобкунандагон низ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.