Ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” фаъолияти худро мавриди баррасӣ қарор дод. Тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки омӯзгорон ва аъзоёни фаъоли ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз” баргузор гардид. Наврузов Бобур раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июли 2022 дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Ҳамчунин дар маҷлис баробари баррасӣ масъалаҳои рӯзнома ҷиҳати татбиқи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ, аъзогӣ ва сафи ҳизб, ҳуҷҷатгузорӣ тибқи феҳрасти пешниҳодшуда ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шарифзода Туйгун-раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод доир ба саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ибрози андеша намуд. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз рӯи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Рубрики