Санаи 1 июни соли 2022 дар толори қасри фарҳанги “Зафар”-и ноҳияи Зафаробод “Рузи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” бо тантана ва шукӯҳи хоса баргузор гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист дар толори қасри фарҳанг намоиши табиати зинда, дастоварди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, намоиши гӯшаи китобӣ, ва нигораҳои осорхонаи ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Аз ҷониби масъулони шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои навӣ корӣ ташкил карда шуда, як чанд нафар корҷуён ба кор таъмин гардиданд. Дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак табрикоти раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Зафаробод Абдусаломзода Малоҳат Абдусаттор ба самъи ҳозирин расонида шуд. Сипас Сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва шуъбаи маорифи ноҳия ба ғолибони даври вилоятии озмунҳо, ғолибони олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ ва ба устодону мураббияҳои онҳо ба таври тантанавӣ тақдим карда шуд. Барномаи омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои томактабии ноҳия ба чорабини ҳусни тоза зам намуд. Сайругашти идона дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва хиёбони Исмоили Сомонии маркази ноҳия идомаи тантанаҳои ҷашнӣ гардиданд.
Рубрики
Зафаробод: Таҷлили Рӯзи кӯдакон
