Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Фаъолияти “Меҳнатобод” натиҷагирӣ карда шуд

Санаи 2-уми июли соли равон тибқи нақшаи баргузории   маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод” баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ вобаста ба  масъалаи якуми рӯзнома Раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, аз фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ ахборот ироа намуд.

Аз рӯи  масъалаи дуюми рӯзнома  бо назардошти таклифҳои иловагӣ панҷ нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба ҳайати Раёсати ТИ “Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод”  интихоб гардиданд.

Абдуллозода Заррина – раиси тозаинихоби Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод ҳамчунин бо таклифи иштирокчиёни маҷлис   ба ҳайси  Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод” таъйин гардид.

      Дар идомаи маҷлис  Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир зимни суханронӣ, доир ба фаъолияти корӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ ҳарф зад.

      Маҷлис бо қабули қарорҳои дахлдор кори худро ба охир расонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *