Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: ЧОРАБИНИҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲОТҲО

Санаи 17 марти соли 2024 деҳаҳои Сурхоб, Сарибоғ ва Ҷавонӣ ҷашни Наврӯзро бо риояи анъанаҳои мардумӣ ва бо шукӯҳ таҷлил намуданд. Дар тантанаҳо Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун Тоҳир иштирок намуда, ҳозиринро бо иди аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз табрик намуд. Қайд гардид, ки Наврӯз дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишу манзалати хоса пайдо намуд. Барномаи фарҳангии омоданамудаи сокинони деҳаҳо ва толибилмони МТМУ рақами 10 ба тантанаҳо ҳусну шаҳомати бештар ҳамроҳ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *