Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

 Ҳамасола таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад ва сол то сол сафи иштирокчиёни он меафзояд. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод бо мақсади қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмун бо иштироки раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Туйғун Шарифзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо, намояндагони соҳаи маориф ва фаъолони ноҳия чорабинии тантанавӣ бо шукӯҳ хоса баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ баромад намуда, ҳамаи ғолибони озмунро бо муваффакиятҳои ноил гаштаашон табрик намуданд. Аз тарафи ҳунармандони фарҳанги нохия дар сатҳи баланди ҳунарӣ барномаи консертӣ баргузор гардид. Боиси қаноатмандист, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни ” ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” Аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Заррина Сӯфиева – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Зафаробод соҳиби ҷойи якум гашта бо 30 хазор сомонӣ маблағи пулӣ, нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва Сипосномаи КИМ ҲХДТ мукофотонида шуд. Инчунин аз рӯи номинатсия адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ хонандаи синфи 3- уми муассисаи хусусии “Афсона”-и ноҳияи Зафаробод Афзалмоҳ Амонзода соҳиби ҷойи дуюм гашта бо Диплом ва 25 хазор сомонӣ маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуд. Яке аз устодони собиқадор Иброҳим Калонзода иштирокчии фаъоли даври ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи ” Эҷоди назму наср” иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки устоди хонанда Абдурахмонзода Махбуба барои тайёр намудани хонанда бо 10 хазор сомони ва “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд. Инчунин падари хонанда Амонзода Меҳроҷиддин бо медали “Маърифатпарвар” ва Сипосномаи КИМ ҲХДТ сарфароз гардонида шуд. Ғолибони озмунро аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо туҳфаҳои молиявӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва роҳхат ба осоишгоҳҳо сарфароз гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *