Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Ҳар ки хандонад ятими хастаро

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар остонаи таҷлили ҷашни баҳору зебоӣ – Наврӯзи ҳуҷастапай дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибу ғамхоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани ятимони кул аксияи вилоятии “Ҳар ки хандонад ятими хастаро…”  дар қаламрави вилоят эълон намуд. Дар ин рӯз аз ҷониби вакилони аъзои ҲХДТ саховатмандон, хайрхоҳон дар ноҳияи Зафаробод 10 нафар ятимон аёдат ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Зимни мулоқотҳо таъкид гардид, ки Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд ва шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба ӯҳда гирифтаанд, амали савоберо ба анҷом мерасонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *