Санаи 13- январи соли 2022 дар қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҷлиси ҷамбастии фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафарбод дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, аъзоёни раёсат ва кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва маҷлиси ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Маҷлис аз рӯи чор масъала: ҷамбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод дар соли 2021, тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2022 ва баррасии масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир доир ба фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб дар соли 2021 маърӯза намуд. Баъдан доир ба ин масъала раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Абдуллозода Зарина, азои Шӯрои собиқадорони ҲХТ дар ноҳияи Зафаробод Шодиев Толибҷон ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар соли 2021-ро хуб арзёбӣ намуданд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, лоиҳаи нақша вобаста ба масъалаи дуюми рӯзомаи маҷлис барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюм барои шинос намудан ба самтҳои нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2022 муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Ашурзода Рӯзӣ баромад намуда, самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро барои соли 2022 ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ҳамасола аз руйи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ таҳия гардида, самтҳои амали он вобаста ба тавсияҳое, ки дар Анҷумани 13 ва 14-уми ҲХДТ, дастурҳои бевоситаи раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, тавсияҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод амалӣ карда мешаванд.
Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2022 низ аз ҳамин нишондод маншаъ гирифтааст.
Раиси Кумтаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар суханонии хеш сараввал нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ , ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, тавзеъ дода моҳияти арзишмандии инсанади раҳнамои халқро ба ҳозирин фаҳмонид. Ҳамчунин аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ андеҳаҳои худро баён намуда барои пешрафти фаъолияти босамар тавсияҳои судманд дод.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2021 барои амалӣ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, иҷроиши нақшаҳои фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ як чанд ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ҲХДТ фаъолияти назаррас нишон доданд. Аз ҷумла иштироки фаъолон дар чорабиниҳои ҳизбӣ, корҳои тарғиботӣ, фаъолияти пурсамат дар корҳои ободонию созандагӣ, ҳамкории пурсамар бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бештар аз ҳама иштироки фаъолона дар маъракаи Обуна-2022 аз зумраи онҳо мебошанд. Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба фаъолон, ки дар самтҳои зикргардида, пурсамар меҳнат намуданд Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод супорида шуд.