Рубрики
Асосӣ

ЗАХИРАИ МАВОДИ ҒИЗОИ БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

     Ш.ГУЛИСТОН: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ  ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вусъат бахшида, дар ҳамоҳангии тарғиботчиён, фаъолон ва бо истифода аз волонтёрони ҳизбӣ дар маҳаллаҳои ҳудуди шаҳру шаҳракҳо корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули кӯча ба кӯча ва хона ба хона ба роҳ монда, байни шаҳрвандон  вохӯриву мулоқот сӯҳбатро  роҳандозӣ намуданд.

       Зимни мулоқот моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба шаҳрвандон расонида шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки мо бояд захираи ҳадди ақали дусолаи маводи ғизоиро дар оила баҳри зиндагии шоиста дар оянда таъмин карда бошем. Шаҳрвандон дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии худ ба кишту парвариши сабзавод ва дигар навъи зироат машғул буда, барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *