Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо давлатҳои тараққигардида муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ташкил намудаанд ва аз минбари Созмони Миллалии Мутаҳид тамоми давлатҳоро ба ҳамкори даъват карданд. Ин тарзи роҳбарии хирадмандона имконият дод, ки давлати мо ба ҷомеаи пешрафта табдил ёбад-ин нуктаро дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Зайтметов Ҳусайн ба шунавандагони дарси захираи кадрҳо иброз намуд. Зайтметов Ҳусайн дар мавзӯъи “Хусусиятҳои ташкилотчигӣ ва ташаккули қобилияти роҳбарӣ сухан намуда дар бораи вазифаҳои асосии роҳбар, мафҳуми “сарварӣ” ва “роҳбарӣ” сухан намуд.
Сипас дар дарси дуввуми мактаби захираи кадрҳо Раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён оид ба “Ҳифзи иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир” сухан намуд. Илҳоми Ҷамолиён тафсири вожаи иттилоот ва моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттилот-ро ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо шарҳ дод.
Ёдовар мешавем,ки дар даврони Истиқлолият дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Дар мактаби захираи кадрҳо занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомузанд. Дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш тайи 4 моҳ дарс хоҳанд гуфт.