Санаи 16-уми марти соли равон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Маҳмудзода ва Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ифтихор доир гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ иштирок доштанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Маҳмудзода ва Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар баромади худ дар бораи рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойи кори доимӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншоотҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва донишҷӯён, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, беҳтар гардидани шароити иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва дар ин замина зиёд гардидани нафақаи маъюбон ва ғамхорӣ нисбат ба кишоварзони мамлакат, вазъияти шадиди буҳрони иқтисодӣ, пайомадҳои пандемия ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз изҳори андеша карданд.
Дар вохӯрӣ интихобкунандагон ба саволҳои худ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои саҳеҳу мушаххас гирифтанд.